Duration 11:9

4-фарзанди нобино ва зиндагиисангини зани оҷиз

90 305 watched
0
2 K
Published 18 Dec 2021

Сумаяи хурдсол бо чашмони нобино Қуръон мехонад, вале... Ин духтараки маъсум Сумая ном дошта, аз модар нобино ба дунё омадааст, вале ба оҷизиаш нигоҳ накарда, китоби муқаддаси Қуръонро қироат мекунад ва сураҳои зиёдеро аз ёд медонад. Дониши дунявиаш низ бад набуда, шеъру ғазаҳои зиёде медонад. Модар ва хоҳару додари хурдакаки Сумая низ мисли худаш нобино буда, дар як оила 4 маъюб зиндагӣ мекунанд. Онҳо хонаву дар надоранд ва 9 сол боз дар ба дари мардум гашта, азобу ранҷи зиёде мекашанд. Намозалӣ Нуралиев, падари Сумая бисёр марди бо нангу ор аст, вале кашидани бори гарони зиндагӣ ва таъмин намудани зани оҷизу фарзандони бемор ва аз дидаи бино маҳрумаш бо дорӯву дармон барои ӯ гоҳо душворӣ мекунад. Касе нест, ки ба ин оилаи мӯҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намояд, зеро бардарони Намозалӣ низ нобино буда, худ мӯҳтоҷи дастгирии дигаронанд ва ягон имконияти ба онҳо ёрӣ дарсонидан надоранд.. Интервю Мушкилоти асосии ин оила надоштани манзил ва қайди ҷойи зист мебошад. Моҳира, модари Сумая аз он ҳарос дорад, ки бо сабаби надоштани қайди ҷойи зист нафақаи маъюбии ӯ ва фарзандони нобинояшро мебуранд ва ҳолашон аз ин ҳам бадтар мешавад. Ҷавонзан борҳо барои гирифтани як пора замин муроҷиат карда бошад ҳам, то имрӯз касе ба додаш нарасидааст. Интервюи Моҳира Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, нобиноён ва дигар афроди ниёзманд амали хайр буда, савобаш ба зиёрати хонаи худо барбар аст. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ ба ин оилаи ниёзманд, ки чаҳор нобино дорад, дасти ёрӣ дароз намуда, ба қадри имконият ва ҳиммату худ ба Моҳира ва фарзандонаш кӯмак мерасонанд. Шахсоне, ки кӯмак расонидан мехоҳанд, метавонанд кӯмакпулии худро ба корти бонкии Алиф(Корти миллӣ) рақами 5058270289698952 гузаронанд. Корт бо рақами телефони 907-72-38-96 пайваст аст. Барои бештар огоҳӣ ёфтан аз рӯзгори ин оила шумо метавонед ба рақамҳои 988-72-38-96, 778-887-833 ва 907-72-38-96 занг зада бо худи Моҳира ва шавҳару фарзадонаш ҳамсӯҳбат шавед.

Category

Show more

Comments - 318